9 Декабр 2023 - 19:24
Маросими истиқболи расмӣ аз нахуствазири Сурия дар кохи Саъдобод

Маросими истиқболи расмӣ аз Ҳусайн Арнус-нахуствазири Сурия дар кохи Саъдобод баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпррес, Муҳаммад Мухбир-муовини аввали раиси Ҷумҳури исломии Эрон рӯзи шанбе ба таври расмӣ аз  Ҳусайн Арнус-нахуствазири Сурия дар кохи Саъдобод истиқбол кард.

 Ҳусайн Арнус баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа ба даъвати Муҳаммад Мухбир ва дар садри ҳайати баландпоя вориди Эрон шуд.

 Ҳузур дар понздаҳумин иҷлоси кумитаи олии муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар Теҳрон ва дидор бо раиси ҷумҳур, раиси маҷлис ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аз ҷумлаи барномаҳои сафари серӯза нахуствазири Сурия ба Теҳрон аст.

 Гуфтнӣ аст ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ дар заминаҳои гумрукӣ, банкӣ, эҷоди манотиқи тиҷории муштарак, гардишгарӣ, энергӣ ва таъмини барқ аз ҷумлаи заминаҳое аст, ки дар ин сафар тавассути ҳайатҳои олирутбаи Эрон ва Сурия мавриди баррасӣ қарор гирифта ва амалиётӣ мешавад.

 Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Сурия ҳамкории роҳбурдӣ дорад ва ҳимояти Теҳрон аз давлати қонунии ин кишвар дар тӯли буҳрони Сурия ва кумак ба давлати Асад дар фароянди мубориза бо гурӯҳҳои мухталифи террористи баёнгари ин амр аст.

 Равобити байни Сурия ва Эрон баъд аз шикасти ДИИШ, акнун густурда шудааст ва чашмандозҳои равшане барои тавсеаи ин равобит дар ҳама заминаҳо вуҷуд дорад.

342/